оро — I [آرا] 1. асоси замони ҳозира аз оростан (оро додан) 2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои ороянда: базморо, суханоро, худоро… II [آرا] ороиш, зеб, зиннат; орову торо зебу зиннат; оро додан зиннат додан, оростан, хушнамо гардонидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
базм — [بزم] зиёфате, ки ба муносибати ягон воқеаи хурсандибахш (тӯй ва ғ.) бо иштироки ҳофизон, раққосон ва созандагон ороста мешавад; маҷлиси айшу тараб; базм кардан (оростан) базм ташкил кардан ◊ базми дойрагӣ базме, ки ба он ғайр аз одамони даъватӣ… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
барозидан — [برازيدن] кит 1. хуб ва зебо кардан, оростан ва зинат додан 2. сазовор будан, шоиста будан, зебанда будан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бароростан — [برآراستن] кит., ниг. оростан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
барпо — [برپا] 1. пойдор, барқарор; устувор 2. барафрохта, қоим; барпо кардан (намудан) а) бунёд кардан, сохтан, бино кардан; таъсис кардан; б) оростан (базм ё ҷашнеро); в) хезондан, бардоштан (мас., фитна, ошӯб, ғавғо ва ғ.); барпо шудан (гардидан,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бисот — [بساط] а 1. ҳар чизе, ки дар зери по паҳн карда мешавад, ҳар чизи густурданӣ (аз қабили гилем, палос) 2. асбобу анҷом, чизу чора, сомон, бизоат; дороӣ, боигарӣ: бисоти хона ◊ дар бисотам дар ихтиёрам, дар дастам; бисоти адл ба(р)по намудан адлу… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гулпӯш — [گلپوش] 1. пӯшида бо гул, ороста бо гул, бо гул иҳоташуда; гулпӯш кардан бо гул пӯшидан, бо гул оростан; гулпӯш шудан бо гул пӯшида гардидан; шукуфтан 2. маҷ шукуфон, шукуфта: дарахтони гулпӯш … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
додан — [دادن] 1. ба ихтиёри касе вогузоштан, супурдан: ба мактаб додан, ба дасти касе додан (чизеро); бахшидан, ато кардан: зиндагӣ додан, ҳаёт додан, шифо додан 2. маҷ. ба шавҳар додан, ба қайди никоҳи касе даровардан ( и духтаре) 3. маҷ. гуфтан: салом … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
зинат — [زينت] а. чизҳои ороишӣ, он чи бо он ҷое ё касеро ороиш медиҳанд, зевар, пероя; зебу зинат ниг. зеб (зебу зинат); зинат додан ороиш додан, оростан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қатор — I [قطار] а 1. хати ба тартиб ҷойгирифтаи чизҳои якхела; гурӯҳи одамон, чорпоён, мошинҳо ва ғ., ки пайи ҳам ё паҳлӯи ҳам бо тартиб истодаанд ё воқеъ гаштаанд, саф, рад, рада, радиф: қатори вагонҳо, қатори дарахтон, қатори ҳавлиҳо, қатори… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ